Дар бораи мо
Даста
Комёбиҳои мо
Ҳуҷҷатҳо

Аввалин корхонаи истеҳсоли памперс дар Тоҷикистон

Бо роҳбарияти олии мо шинос шавед

Мо дар сохаи худ бехтаринем, инро на танхо мо, балки комьёбихои мо хам мегуянд

Ҳуҷҷатҳои мо: ҳисоботҳо, патентҳо ва шаҳодатномаҳои сифат

Дар бораи мо
Даста
Комёбиҳои мо
Ҳуҷҷатҳо

Истеҳсоли маҳсулоти гигиениро ҶДММ «Афзалият Групп» аз 17 марти соли 2022 ба фаъолият оғоз намуда аст. ҶДММ «Афзалият Групп» аввалин корхонаи истеҳсоли уребчаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Уребчаҳои SOF Premium ва Comfort baby бо истифода аз таҷҳизоти баландтехнологии аврупоӣ истеҳсол карда мешаванд ва ба стандартҳои байналмилалии сифат ҷавобгӯ мебошанд. Ҳамаи мутахассисони истеҳсолии корхонаи мо аз ҷониби технологҳо ва муҳандисони соҳибихтисос аз Аврупо таълим гирифтанд.

ҶДММ «Афзалият Групп» лабораторияи худро дорад, ки бо таҷҳизоти зарурӣ барои гузаронидани санҷишу таҳлилҳои лабораторӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳама маҳсулоти истеҳсолшуда мувофиқи стандартҳои байналмилалии сифат аз назорати ҳамарӯза мегузаранд. Афзалияти ширкати мо ин баландтарин сифат ва бехатарии тамоми хати маҳсулоти гигиенӣ мебошад.

Вазифаи мо ин нигоҳубини нозук ва нармонаи кӯдаки шумост!

Ҳадафи мо роҳат ва саломатии фарзанди (тифли) шумост!

 

Шарипов Далер

Директори тиҷоратии ҶДММ «Афзалият Групп».

Баҳроми Фарзона

Директори молиявии ҶДММ «Афзалият Групп».

Тамғаи писандидаи Тоҷикистон 2023

Sof Premium | Бренди сол 2025

Comfort Baby | Бренди сол 2025

Намоишгоҳи Байналмилалии Универсалии Тоҷикистон 2024

Намоишгоҳи Байналмилалии молҳо ва хизматрасониҳо барои саломатӣ ва зебоӣ 2025

Намоишгоҳи Байналмилалии Универсалии Тоҷикистон 2025

Намоишгоҳи Байналмилалии Универсалии Тоҷикистон 2023